Ба Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ 16 номгӯй маводи дорувории зиддихимиявӣ кумак карда шуд

Ба Маркази миллии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ 16 номгӯй маводи дорувории зиддихимиявӣ ба маблағи 1 миллиону 651 ҳазор доллар кумак карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

Ин маводи доруворӣ дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилоти «Foundation Ameicares» (ИМА) аз ҷониби муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд, Сафири некӯирода оид ба саратони ғадуди ширӣ Хайринисо Юсуфӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии «Авеста» бо иштироки муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Муҳсин Ғафурзода  супорида шуд.

Ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Ғамхорӣ дар ҳаққи наврасону ҷавонон ва таҳти назорат қарор додани вазъи саломатии онҳо метавонад тавлиди насли солимро таъмин намояд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд дар ҳамкорӣ бо роҳбари Ташкилоти ғайридавлатии «Авеста» Фирӯза Абдуллоева ва шарикони рушд ба 5 таваллудхонаи шаҳри Душанбе маводи дорувории «Сурванта» ба маблағи 100 ҳазор доллар тақдим карда шуд.

Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд минбаъд низ дастгирӣ намудани қишри осебпазири ҷомеаро ҳадафи худ қарор додааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ин ниҳодро яке аз бахшҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон номиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад. Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёде амалӣ гардонид.

АМИТ «Ховар»

Tags: