Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии ИДМ баргузор гардид

21-22 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати   вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён баргузор гардид.

Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар кори ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова ва Россия иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа 9 масъала баррасӣ гардида, иштирокчиён атрофи фарҳанги сиёсӣ ва сиёсати ҷавонон дар сатҳи кишварҳои ИДМ сухан гуфтанд. Қиёмиддин Миралиён  вобаста ба масъалаи таҳким бахшидани фаъолияти Ассамблеяи ҷавонон ва фаъол гардонидани намояндагиҳои кишварҳо пешниҳод манзур намуд, ки аз ҷониби вакилон ҳамаҷониба пазируфта шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз бо ҳамраисии Қиёмиддин Миралиён бо иштироки васеи вакилон аз кишварҳои ИДМ байни Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии ИДМ ва Комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба сиёсати кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ ҳамоиши муштарак доир гардид. Дар он намояндагони ҷавон ва олимону коршиносони соҳа дар мавзӯи “Рушди устувори ҳудудҳои кишоварзӣ” суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин корманди масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шамсулло Қурбонов иштирок намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: