Соли 2021 Париж мизбони Форуми сармоягузории Тоҷикистону Франсия мегардад

Соли 2021 дар Парижбаргузории  Форуми сармоягузории Тоҷикистону Фаронса дар назар дошта шуда, ҳамзамон ҳайати сармоягузорони Франсия  бо мақсади  омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Ин масъала дар Душанбе зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо Сафири Ҷумҳурии Франсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран баррасӣ гардид.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки  дар мулоқоти мазкур  масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус ҷалби сармояи мустақим аз Франсия  ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар матраҳ гардиданд.

Саъдӣ Қодирзода ба Сафири Франсия  доир ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ маълумот дод. Ҳамзамон мусоҳибон ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар самти сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак табодули назар намуда, ба мувофиқа расиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: