20 июл Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» оғоз мешавад

20 июли соли равон дар мамлакат дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» оғоз мегардад. Дар ин бора корманди  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Ализода ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар  дод.

Тибқи иттилои  номбурда, дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти  «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот»  дар чор марҳила дар алоҳидагӣ байни варзишгарони касбӣ (дорандаи дараҷаи 1-и варзишӣ, НУВ ва дигар унвонҳои варзишӣ) ва дӯстдорони варзиши шоҳмот (бе дараҷаҳои варзишӣ то дараҷаи 2-и варзишӣ) баргузор мегардад.

Марҳилаи интихобии якум аз 20 июл то 31 август дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, марҳилаи интихобии дуюм аз 1 то 30 сентябр дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии якум, марҳилаи интихобии сеюм аз 1 октябр то 6 ноябр дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии дуюм доир мегардад, марҳилаи (ниҳоӣ) чорум аз 11 то 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо гузаронида мешавад.

Дар рӯзи аввали оғози марҳилаҳо баҳри оммавияти ин намуди варзиш Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот таҳти унвони «Варзиши дастрас» баргузор карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки  мусобиқа аз рӯи се категорияи синну солӣ — наврасони то 14 сола (писарон ва духтарон), ҷавонони аз 15 то 30 сола (писарон ва духтарон) ва калонсолони аз 30 сола боло (мардон ва бонувон) доир мегардад. Маблағи умумии ҷоизаҳо 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Боиси хушнудист, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи  махсуси  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати  пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари  мамлакат  муҳайё  мегардад.

Бояд зикр кард, ки дар замони муосир ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ин намуди варзиш баҳри рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат хоҳад кард. Бозии шоҳмот натанҳо ба рушди зеҳнии инсон таъсир мерасонад, ҳамзамон одобу ахлоқ ва хислатҳои накӯро, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накӯкорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, мустақилона фикр рондан, расидан ва масъулиятшиносиро дар инсон тавлид менамояд.Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик мебошад.Тавассути бозии шоҳмот метавон ҳусни таваҷҷуҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: