2 август Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод, Агентии содирот нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

2 август оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 08:00 дар вазорати мазкур баргузор мешавад.

Вазорати молия соати 09:00 дар Вазорати молия нишасти матбуотиро доир менамояд.

Нишасти матбуотии Агентии содирот соати 10:00 дар Агентии содирот баргузор мегардад.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: