19-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ-сайёҳӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид

Дар Кохи «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа 19-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ-сайёҳӣ ва инноватсионӣ (НБТТИ-ЭКСПО 2016) баргузор гардид.
Дар он зиёда аз 200 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо намояндагони Донишгоҳи техникиву эҷодии Лимкоквинги Малайзия, Донишгоҳи Гисмаи Олмон, Донишгоҳи ҳуқуқи Британияи Кабир, Донишгоҳи Сабанчи Туркия ва коллеҷи Ментораи ИМА вохӯрӣ гузарониданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии мазкур ҳамасола аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия «TM-International» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: