Залмай Халилзод: «Аз сиёсати Тоҷикистон ва роҳбарияти он барои ҳамкорӣ ва расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон қаноатмандем»

«Аз сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкорӣ ва расидан ба сулҳу субот, инчунин пешравӣ дар Афғонистон қаноатмандем», — таъкид намуд имрӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод. 

Ба гуфти Залмай Халилзод, Афғонистон пулест миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ. Сулҳу субот дар ин минтақа барои рушду такомули тиҷорат, савдо ва ҳамлу нақли молу маҳсулот барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Яке аз ҳадафҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Америка маҳз ҳамин самтро дар бар мегирад.

«Хушҳол аз онам, ҳар боре, ки ба Тоҷикистон сафар мекунам, тинҷиву амонӣ ва сулҳу оромӣ ҳувайдост», — гуфт намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод

АМИТ «Ховар»

Tags: