Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» калимаҳои «ё иҷозатномаи пешбурди фаъолияти адвокатӣ» ба калимаҳои «ва шаҳодатномаи адвокатӣ» иваз карда мешаванд, яъне ба адвокат ҷиҳати мулоқот бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар асоси пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ иҷозат дода мешавад.
Дар ин бора зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, баромадкунандагон иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии Қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» инчунин татбиқи муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва амалисозии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии ин самт бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия шудааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагони дар ҷаласаи навбатӣ якчанд масъалаҳои дигар, аз ҷумла «Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Япония барои мубориза бо COVID-19 дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Файзуллоев Машраб»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни баррасии масъалаи якуми рӯзнома таъкид гардид, ки мубодилаи ёддоштҳои мазкур бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи тадбирҳо ҷиҳати мубориза бо пандемияи COVID-19 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
Маблағи умумии лоиҳа 600 млн. йени япониро ташкил дода, маблағи грантӣ ба ҳисоб меравад.
Сар задани бемории COVID-19 бори дигар нишон дод, ки на ҳамаи сохторҳои тандурустии мамлакат ба ҳолатҳои ғайричашмдошт омода мебошанд ва омили мазкур, аз ҷумла бо дарназардошти нарасидани мутахассисони касбӣ дар минтақаҳои дурдаст, ҳолати ғайричашмдошти якчанд инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, норасоии таҷҳизоти зарурӣ ва ташхисгоҳҳои замонавӣ, инчунин нокифоя будани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии пурраи тиббӣ ба амал омадааст.
Қисми зиёди таҷҳизот ва ташхисгоҳҳо аз замони шӯравӣ то имрўз мавриди истифода қарор доранд ва бо тағйир ёфтани стандартҳои ҷаҳонӣ, пайдо шудани усулҳои нави ташхис ва табобат хизматрасонӣ ва ёрии тиббӣ тақозои татбиқи маҷмўӣ талаб менамояд.
Бинобар ин, харидорӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти замонавӣ аз тарафи Ҳукумати Япония ниҳоят муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Зимни баррасии Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994 зикр гардид, ки Протоколи мазкур низоми бақайдгирии минтақавии намунаҳои саноатиро муқаррар намуда, моҳияти он вобаста ба гирифтани иҷозати ҳифзи намунаи саноатӣ дар якчанд давлатҳо-аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ бо як ариза, бо як забон ва бо супоридани боҷи ягонаи корбарӣ шароит фароҳам меоварад.
Ҳамчунин афзалият барои давлатҳои ба Протоколи мазкур ҳамроҳшуда- ин сарфа намудани хароҷоти маъмурӣ ба соҳибкорон мебошад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аъзо бо пардохти танҳо 20 фоиз аз меъёри умумии пардохти муқарраршуда ба аризаи намунаи саноатӣ метавонанд соҳиби патенти авруосиёгӣ гарданд.
Аз ин рӯ, Протоколи мазкур алоқамандии низоми миллиро бо низоми бақайдгирии минтақавии намунаҳои саноатӣ муқаррар намуда, ба содагардонии бақайдгирии намунаҳои саноатӣ дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия равона гардидааст.
Дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АМИТ «Ховар»