Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад. Ман фикр мекунам, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент- ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан арҷгузорӣ ба миллат аст. Зеро миллат метавонад роҳбарашро қадр кунад, аҷр гузорад ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтааш саҳмгузор бошад. Ин нуктаро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни ҳамоиши илмӣ дар Душанбе баён дошт.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ, 16 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур олимон, донишҷӯён ва аспирантону унвонҷӯёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватани тоҷикон беандоза бузург аст.
«Мо Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа пешвоз гирифта, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлолияти давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем»,-гуфт ноиби президенти АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад.
Маврид ба зикр аст, ки доир ба ниҳоди президентӣ ва таъриху таҳаввулоти он кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ Имомқул Буриев ва Нусратулло Зокиров сухан гуфтанд.
АМИТ "Ховар"