1301 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, муайян ва дастгир карда шуданд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаш моҳи соли равон  аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 1301 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, муайян ва дастгир карда шуданд. Ин нуктаро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Дар ин давра аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2 ҳолати суиқасд ба амали террористӣ, 1 амали террористӣ, инчунин 526 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ муайян ва ба қайд гирифта шуд.

«Дар 6 моҳи соли равон аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуда, 39 ифротгаро ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин аз соли 2015 инҷониб шумораи ба Тоҷикистон баргардонидашудагон 647 нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин 8 оила низ ба Ватан оварда шуд»,- гуфт Рамазон Раҳимзода.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли  равон 390 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 адад кам мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: