Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории босамар бо СММ дар самти татбиқи барномаҳо ҳавасманд мебошад

24 октябри соли 2017 бахшида ба Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва 25-умин солгарди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии СММ-Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов иштирокчиёни вохӯриро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният гуфта, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳони муосир муҳим арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои СММ баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкории минбаъда дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ аз сатҳи баланди робитаҳои рушдёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкории босамар бо СММ дар самти татбиқи барномаҳо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор иброз намуд.

АМИТ "Ховар"