Дар Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад

21  декабри  соли 2017, соати 09:00  дар шаҳри Душанбе    иҷлосияи сенздаҳуми    Маҷлиси миллии    Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   даъвати панҷум  баргузор мегардад.

Тавре аз дастгоҳи Раиси Маҷлиси миллӣ иттилоъ доданд,  аъзои  Маҷлиси миллии   Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  20 декабр аз соати 08:00 то 17:00 ва  21 декабр аз соати     07:30 то 08:30 дар бинои Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи сеюм, утоқи кории шуъбаи ташкилӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо: 221-98-35, 221-12-47

АМИТ "Ховар"