Хабар

Дар ноҳияи Лахш дар баландии 32 метр байрақи Тоҷикистон насб гардид

Бо мақсади истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Лахш корҳои ободонӣ вусъат меёбанд. Дар робита ба ин, тозакунии кӯчаҳо, сабзазоркунию гулзоркунии маркази шаҳраки Ваҳдат ва ҷамоати деҳоти Ҷиргатол бо маром идома дошта, сохтмони зиёда аз 22 иншооти ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Аз 18 то 23 сентябри соли равон дар Давлати Кувайт бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани Давлати Кувайт маҳфилҳои фарҳангӣ доир мегарданд.

Муносибати давлат ба дин дар даврони созандаи Истиқлолият

Ҳарчанд таҳқиқу шинохти ислом аз ҷониби донишмандони мусулмон ҳанӯз дар асрҳои миёна ба ҳукми анъана даромада буд, вале пайдоиши илмҳои диншиносию исломшиносӣ асосан дар даврони Шӯравӣ оғоз гардидааст. Бо вуҷуди он ки дар самти таҳқиқу омӯзиши ин илмҳо дастовардҳои назаррас арзи вуҷуд кардаанд, аммо ин таҳқиқот  асосан дар партави ҷаҳонбинии материалистӣ, ки заминаи онро назарияи марксистӣ доир ба дин ташкил мекард, сурат мегирифт.

Страницы