Хабар

Оғози сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва беморхонаи бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара

Имрӯз дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва беморхонаи бисёрсоҳавӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи иншооти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд карда мешавад.

Гузоштани санги асоси меҳмонхонаи муосири “Дарё-2015”

Баъди ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ ва шиносоӣ бо шароити он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо барои бунёди меҳмонхонаи муосири “Дарё-2015” санги асос гузоштанд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои меҳмонхонаи муҳташам аз 11 ошёна иборат хоҳад буд ва он дар масоҳати 0,3 гектар бунёд мегардад.

Ифтитоҳи маҷмааи муҳташами варзишӣ дар ноҳияи Данғара

Дар маркази ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуданд.

Сохтмони маҷмааи варзишӣ моҳи марти соли 2012 оғоз гардида, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни умумимиллӣ 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Страницы