Мулоқоти Пешвои миллат бо сокинони Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи майдони варзишӣ, гузоштани санги асоси муассисаи таълимӣ ва тамошои намоишгоҳи дастовардҳои аҳли заҳмати Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар баробари дигар минтақаҳои кишвар, дар замони Истиқлолияти давлатӣ, ноҳияи Дарвоз босуръат рушд намуд ва буҷети ноҳия аз 38 ҳазор сомонии соли 1992 то ба 19 миллион сомонӣ афзудааст. Бахусус дар ин давра ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногун дар Ҷамоати деҳоти “Сағирдашт” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, ин раванд то кунун идома дорад.

Пешвои миллат аснои суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои рушди чорвопарварӣ, равнақ додани дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳот ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки соли гузашта дар ду корхонаи заршӯии Ҷамоат ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст ва таъсис додани корхонаи хурди коркарди пӯсту мӯина дар оянда метавонад ба масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ мусоидат намояд.

Тавре маълум аст, дар фасли зимистон роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти “Сағирдашт” ба маркази ноҳия тавассути ағбаи Хобуробод ба муҳлати шаш моҳ баста мешавад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати ҷудо намудани техникаву таҷҳизоти роҳсозӣ дастур доданд ва Вазорати нақлиёти кишварро вазифадор карданд, ки ҷиҳати бунёди шоҳроҳи Душанбе – Тавилдара – Қалъаи Хумб тавассути маркази деҳоти Сағирдашт пешниҳодҳои асоснок манзур намоянд.

Аснои суханроӣ ҳамчунин Пешвои миллат роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва дигар сохтору мақомотро супориш доданд, ки шумораи Квотаи президентиро барои фарзандони сокинони деҳоти Сағирдашт боз ҳам зиёд намоянд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони Ҷамоати деҳоти “Сағирдашт” баромад карда, барои таъмини шароити созгори кору зиндагӣ ба Сарвари давлат изҳори сипосу қадршиносӣ намуданд.