Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе 34-36 дараҷа гарм мешавад
Опубликовано вт, 22/08/2017 - 09:11 пользователем tvt
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 22 август дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳо ба 37 дараҷа мерасад.


Бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё - 2017 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Серес Негрос»-и Филиппин 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 шуруъ мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд китоби «Тоҷикшиноси бузург» ба нашр расид. Асари мазкур феҳристи китобу осор ва мақолаҳои илмиву оммавии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ва асарҳоеро, ки зери таҳрири ин олими номвар ба чоп расидаанд, фаро гирифтааст.