Иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС

Имрӯз дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори он ҳамчунин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Бразилия Мишел Темер, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча иштирок кардаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин барои даъвати ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори ин чорабинии сатҳи баланд изҳори сипосу миннатдорӣ карда, баргузории ин ҳамоишро имконияти мусоиди баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд.

Бо таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир ҳар лаҳза ба зуҳуроти номатлуби нав рӯ ба рӯ мегардад, баргузории чунин муколамаҳои сатҳи баланд аҳамияти бузургу муҳим доранд.

Дар суханронии Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати татбиқи дастаҷамъонаи Барномаи нави дастрасӣ ба рушди устувор, ки аз ҷониби СММ дар соли 2015 тасдиқ гардидааст, таъкид шуда, иқдомҳои муштараки давлатҳои ҷаҳон дар роҳи амали шудани ин барнома ба нафъи насли оянда арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки давлатҳои рушдкунанда, аз ҷумла Тоҷикистон барои азхуднамоии ин барномаи нав дар шароити арзанда талош намуда, Ҳукумати мамлакат барои ҳалли саривақтии мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои бетаъхир меандешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иштирокчиёни чорабинии сатҳи баланд даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи афзоиш додани кумакҳои расмӣ барои рушд, таҳкими иқтидорҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, дастрасӣ ба энергияи боэътимод тавассути сармоягузорӣ ба соҳаи гидроэнергетика ва афзун намудани истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаю барқароршаванда ё худ «энергияи сабз»  аҳамияти зарурӣ диҳанд.

Ҳамчунин Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишасти БРИКС-ро ба мушкилоти дигари байналмилалӣ-тағйирёбии иқлим, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибатҳои ногувор дорад, ҷалб намуданд ва таъкид бар он доштанд, ки агар шарикии давлатҳо дар пешгирии ин ҳолати ногувор тақвият бахшида шавад, ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди дастрасӣ ба рушди устувор имконпазир мегардад.

Яке аз роҳҳои дигари дастрасӣ ба рушди устувор тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ ва фаъолияти боэътимоди сохтори амалкунандаи нақлиёти миллӣ ва минтақавӣ арзёбӣ шуда, ҳамкорӣ дар доираи Рӯзномаи 2030, сохторҳои «Як камарбанд-як роҳ» ва «Ҷануб- Ҷануб» ҳамчун воситаи муҳими тақвиятбахши ҳамгироӣ дар самти пешрафти ҷараёнҳои глобалӣ ва идораи иқтисодӣ маънидод гардид.

Дар охири суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкорию ҳамбастагии кишвари мо бо тамоми ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои муҳиму рӯзмарра таъкид намуданд.

Tags: