Имрӯз ҳавои кишвар абрӣ ва тағйирёбанда боқӣ мемонад
Опубликовано ср, 23/08/2017 - 09:05 пользователем tvt
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 23 август дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳо ба 36 дараҷа мерасад.


Чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дирӯз дар бозии аввали даври нимфиналии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё /AFC/ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 13 ҳазору 800 тамошобин дастаи «Серес Негрос»-и Филиппинро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб намуд.
Пагоҳ, 23 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон доир мегардад.