Ифтитоҳи дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон» дар ноҳияи Ҷайҳун
Опубликовано чт, 17/08/2017 - 08:41 пользователем tvtДар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон», ки зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» ба ҳисоб меравад, иштирок намуданд.


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.