45 нафар занони вилояти Суғд аз грантҳои президентӣ барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ истифода мебаранд
Опубликовано чт, 24/08/2017 - 12:26 пользователем tvt
45 нафар занону духтарони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд соҳиби гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гардида, минбаъд бо ин маблағ 464 нафар занони хонанишинро соҳиби касб ва ҷойи кор хоҳанд кард. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ»–и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба мубориза бо бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории лейшманиозҳо барои мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад. Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 24 август дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳо то 2 дараҷа паст мегардад.