Дар Хазинаи Байналмилалии Асъор вазъи ҷории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таҳлил мешавад
Опубликовано сб, 19/08/2017 - 10:55 пользователем tvt
Оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши молия ва пешниҳоди кӯмаки техникии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар самти пурзӯр намудани назорати бонкӣ, дирӯз Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо иқтисодчии аршади Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Филлип Бартоломей вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Бонки миллӣ хабар доданд.


Ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон рӯзҳои истироҳатӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд аз тамошои ин барномаҳо баҳра баранд.
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба такмил ва татбиқи технологияҳои навин таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ гардид.