Хабар

«ХУШ ОМАДЕД, МЕҲМОНОНИ БАДАХШОН!” Дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ оғоз гардид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 21 то 26 августи соли равон дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.

Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ки 21 август иштирокчиёни Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ- ро сокинони ноҳияи Айнӣ зери садои карнаю сурнай бо нону асал гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Фестивали ҳунармандони халқӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим

Дар маркази ноҳияи Ишкошим фестивали ҳунармандони халқӣ баргузор шуд, ки дар он табибони мардумӣ, косибону бофандагон, ансамблҳои этнографӣ, донандагони урфу одат ва расму русуми миллӣ ширкат намуданд. Фестивал бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Гулу гиёҳ», ки роҳбарии онро ҷарроҳ ва табиби мардумӣ Ширинбек Давлатмамадов бар дӯш дорад, баргузор гардид. Ба гуфтаи ин табиби мардумӣ, «мақсади фестивал эҳёи мероси табиӣ ва фарҳангии Бадахшон аст.

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе 34-36 дараҷа гарм мешавад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 22 август дар бештари минтақаҳои  Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳо ба 37 дараҷа мерасад.

Страницы