Дар водии Язғуломи ноҳияи Ванҷ боз як неругоҳи хурди барқӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад
Опубликовано ср, 29/11/2017 - 15:41 пользователем tvtДар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ рӯзҳои наздик боз як неругоҳи хурди барқӣ ба истифода дода мешавад. Соли равон ин дуюмин неругоҳи хурди барқист, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Баҳори имсол дар деҳаи Андарбаки ин ҷамоат баъди як соли корҳои навсозӣ неругоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 300 квт-соат ба кор андохта шуд ва нисфи маскунони водии Язғулом ба неруи барқӣ дастрасии комил пайдо намуданд.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои занони назди Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар он аъзои Шӯро маърӯзаи муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро шунида, муҳокима намуданд.