Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот кард
Опубликовано чт, 23/11/2017 - 09:07 пользователем tvtДирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир мулоқот кард.
Дар мулоқот вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт ва сайёҳӣ табодули назар карда шуд.