«Сарбозони бесилоҳ» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филм» гардид
Опубликовано ср, 06/12/2017 - 17:33 пользователем tvt
Дар аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «СИМО» филми «Сарбозони бесилоҳ» барандаи ҷоизаи «Беҳтарин филм» гардид, ки ҷоизаи мазкурро ба муаллифи филм Сайёд Муҳаммадов муовинони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Бобошоҳзода ва Назира Амирбекзода ва директори телевизиони «Синамо» Набӣ Набизода бо тантана супориданд.


5 декабри соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар Эътимодномаи худро ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия, доктор Александер Ван дер Беллен супорид.
5 декабри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама баргузор гардид.