Путин дар бораи иштирокаш дар интихоботи президентӣ хабар дод
Опубликовано чт, 07/12/2017 - 11:29 пользователем tvt
Дар мулоқот бо ҳайати кормандони корхонаи «Газ» дар Нижний Новгород Владимир Путин тасдиқ намуд, ки ният дорад номзадиашро дар интихоботи президентии соли 2018 пешбарӣ кунад.
Суханронии президенти Россияро шабакаи телевизионии «Россия 24» ва сомонаи «Вести.Ru» пахш намуданд.
Путин ба корхонаи мошинбарории Горковск барои табрики ҳайати кормандон бо 85-солагии ин корхона омада буд.


Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар Палатаи савдо ва саноати шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби ин мамлакат мулоқоти судбахш анҷом доданд.
5 декабри соли равон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ҷононов бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хуррам Дастгир Хон баргузор гардид.