Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии Россия ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот намуд

15 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии мусулмонони Россия Равил Гайниддин баргузор гардид. Дар ин бора аз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносиботи дӯстона миёни Тоҷикистону Россия ва ҳамкории байни Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Идораи мусулмонҳои Россия изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкории минбаъда баён доштанд.

Ҳар ду ҷониб бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир таҳияи созишномаи дуҷониба оид ба муборизаи муштарак бо ҷараёну ҳаракатҳои экстремистию террористиро ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд.

Дар рӯзи нахустини сафари худ ба Россия Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масҷиди “Хиёбони МИР” бо муҳоҷирони тоҷике, ки  дар Россия фаъолият менамоянд, мулоқот анҷом дод.

Мулоқотҳои ҳамсон дар рӯзҳои баъдӣ дар дигар манотиқи Россия низ доир гардиданд.

АМИТ "Ховар"