Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат мавриди омӯзиш қарор гирифтанд

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон    бо мақсади омӯзиши  нуктаҳои муҳими Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки 22 декабри соли 2017 пешниҳод гардиданд, ҷаласаи васеъ  баргузор гардид.

Дар ҷаласа  муовини якуми вазир Эмин Сангинзода  зикр кард, ки  Паёми Пешвои миллат  раҳнамо ва барномаи амали  ҳамаи вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои фаъолият дар  соли 2018  мебошад.

«Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ  Пешвои миллат ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои хурду миёна ва ба ин восита, давоми соли 2018 таъсис додани  110 ҳазор ҷойи кори доимӣ, бахусус барои занону ҷавонон супориш доданд. Инчунин рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби бештари занону ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ҳамчун масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб  муайян  гардиданд. Бинобар ин масъулини вазоратро зарур аст, ки барои иҷрои саривақтӣ  ва сифатноки дастуру супоришҳои Пешвои миллат тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд», — иброз дошт  Э. Сангинзода.

Дар  ҷаласа иштирокчиён андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта,  таъкид намуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшишро  ба харҷ медиҳанд.

АМИТ "Ховар"