Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш ва фаромадани туман дар назар аст
Опубликовано пт, 12/01/2018 - 08:37 пользователем tvtИмрӯз, 12 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш гашта, туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳаво дар вилояти Суғд имрӯз тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.


Дар Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» оид ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 ҷаласа баргузор шуд.