Имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои офтобӣ дар назар аст
Опубликовано чт, 28/12/2017 - 10:23 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 28 декабр дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти шарқ ба мушоҳида расида, то 20-22 метр дар як сония мевазад. Дар бештари ноҳияҳо ҳавои офтобӣ дар назар аст.
Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 5 дараҷа сард мешавад.