Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Опубликовано чт, 18/01/2018 - 09:03 пользователем tvt
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда мешаванд.


Тибқи қарори комиссияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 175 нафар варзишгарон соҳиби дараҷа ва унвони «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёри «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд.
16 январи соли 2018 маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко доир гардид.