С. Аслов бо муовинони вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Туркманистон мулоқот кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 25 январ муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Динара Кемелеваро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи 12-уми “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония” ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбековро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баргузории он 1-2 феврали соли 2018 дар назар аст, муҳокима карданд.
Инчунин 25 январ Сироҷидин Аслов муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хоҷиевро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд. Ҳамчунин мавзӯи ҳамкории мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифт.

АМИТ "Ховар"

Tags: