Рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳаво номусоид ва сард хоҳад шуд

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ сокинони мамлакатро ҳавои ноустувор, пастшавии ҳарорат, боридани барф ва дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши бод интизор аст.

Имрӯз, 27 январ дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона 6-11 дараҷа сард  ва рӯзона 2-3 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, чангу ғубор ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 1-4 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 1-1 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки қаблан Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар робита ба ноустувор ва паст шудани ҳарорати боду ҳавои ҷумҳурӣ сокинонро огоҳ карда буд.

АМИТ "Ховар"