Хабар

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барф дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

Имрӯз, 1 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва рӯзона фаромадани туман пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини

31 январ дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла

Дар Душанбе қувваи зилзила чор баллро ташкил дод

Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон тахминан соатҳои 12:06 – 12:10  заминларза ба қайд гирифта шуд.

Сокинони шаҳри Душанбе ба мо хабар доданд, ки ларзидани заминро дар минтақаҳои мухталиф, аз ҷумла дар Душанбе, Панҷакент ва Хуҷанд эҳсос кардаанд.

Тавре  аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи маълумотҳои пешакӣ маркази зилзила дар кӯҳҳои Ҳундукуши Афғонистон ба қайд гирифта шуда, ларзиши он дар маркази зилзила 6, 1 баллро ташкил дод.

Страницы