Шӯрои амнияти СММ ҳамлаи террористии Кобулро маҳкум кард
Опубликовано пн, 29/01/2018 - 16:17 пользователем tvt
Шӯрои амнияти СММ ҳамлаҳои террористиро дар маркази Кобул, ки бар асари онҳо беш аз 100 нафар қурбон шуданд, маҳкум кард. Дар изҳороти рӯзи шанбе барои нашр қабулгардида аъзои Шӯрои амният барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин ҳамлаи террористӣ, ки масъулияти онро ҳаракати ифротии «Толибон» /мамнӯъ дар Тоҷикистон/ бар дӯш гирифт, баромад намуданд.


Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» илова ворид менамояд. Масъалаи мазкур 29 январ дар ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо назардошти боридани барф аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати фаъолияти бемонеаи техникаю механизмҳои роҳнигоҳдорӣ барои тоза намудани роҳҳо аз барф ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти мусофирбар воситаҳои нақлиёти худро дар канори роҳ ва дигар