Хабар

Мавзеи Лангар-отаи ноҳияи Спитамен ба феҳристи мавзеъҳои сайёҳӣ ворид карда мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли  2018 азм дорад, ки бо ҷалби олимону бостоншиносони ҷумҳурӣ якчанд мавзеи дорои таърихи чандинасраи ноҳияро, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Сарбанд, Куруш ва Тағояк (Лангар-ота) воқеанд,  пас аз омӯзиш ва хулосаи мутахассисон ба феҳристи ҷойҳои таърихию сайёҳии

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, туман мефарояд

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз сокинони мамлакатро ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.

Имрӯз, 31 январ дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард хоҳад шуд.

Страницы