Эълони озмун бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва хотираи муаллифи «Тоҷикон»

Бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров якҷоя бо нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзномаи «Ҷумҳурият» озмун эълон менамояд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси  вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.

Ба иттилои манбаъ, асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳарфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад. Ба ғолибони озмун мутаносибан 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 1500 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: