Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва фаромадани туман дар назар аст
Опубликовано пн, 05/02/2018 - 09:58 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар дошта шуда, фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад.
Имрӯз, 5 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, фаромадани туман пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд.