Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид
Опубликовано пн, 12/02/2018 - 16:23 пользователем tvt
Ҳаҷми мубодилаи мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон соли сипаригардида наздик ба 840 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс нисбат ба соли 2016 163 миллион доллар зиёд аст.


Тибқи маълумоти пешакӣ, миёни фавтидагони садамаи суқути ҳавопаймо дар вилояти Москва, ки 11 феврал рух дод, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди гӯштини миллӣ ба Котиботи Иттиҳоди давлатҳои мустақил дархост пешниҳод намуд. Дар асоси дархости мазкур тибқи Барномаи рушди намудҳои варзиши миллии давлатҳои узви ИДМ баргузории Мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гӯштин дар солҳои 2018-2021 дар Тоҷикистон муқаррар карда шуд.