Хабар

Нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе борон меборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон дар назар аст.

Имрӯз, 13 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид

Ҳаҷми мубодилаи мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон соли сипаригардида  наздик ба 840 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс нисбат  ба соли 2016 163 миллион доллар зиёд аст.

Страницы