Хабар

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон: тибқи маълумоти пешакӣ, миёни фавтидагони садамаи суқути ҳавопаймо дар вилояти Москва шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд

Тибқи маълумоти пешакӣ, миёни фавтидагони садамаи суқути ҳавопаймо дар вилояти Москва, ки 11 феврал рух дод, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин дар солҳои 2018-2021 дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри  рушди гӯштини миллӣ ба Котиботи Иттиҳоди давлатҳои мустақил дархост пешниҳод намуд. Дар  асоси дархости мазкур тибқи  Барномаи рушди намудҳои варзиши миллии давлатҳои узви ИДМ баргузории Мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гӯштин дар солҳои 2018-2021 дар Тоҷикистон муқаррар карда шуд.

СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ АН-148 ДАР РОССИЯ: тамоми мусофирон ва ҳайати экипаж ҳалок гардиданд

Рӯзи якшанбе,  11 феврали соли 2018 ҳавопаймои ширкати «Саратовские авиалинии»-и Россия  баъди 7 дақиқаи оғози парвозаш аз фурудгоҳи Домодедово дар вилояти Москва суқут кард. Бар асари ин фоҷиа 71 нафар – 65 мусофир, бо шумули се кӯдак ва 6 узви экипаж ба ҳалокат расиданд.

Страницы