Хабар

Дар Душанбе аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе  аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Пазироии ҳунармандони барҷастаи Ӯзбекистон дар даромадгоҳи «Кохи Борбад»

Тавре пештар хабар додем, имшаб ҳайати фарҳангӣ ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард.  Ба ҳайати меҳмонон сарояндагон, навозандагон ва раққосони зиёди маъруфи Ӯзбекистони бародар, аз ҷумла Ҳунарпешагони халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков, Бунёдбек Саидов ва дигарон шомил мебошанд.

Устодони санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд

Дирӯз тавассути хатсайри шабона ҳайати фарҳангӣ ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода истиқбол гирифтанд. 

Страницы