Хабар

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво боронӣ шуда, боридани барф дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст.

Тавзеҳот дар бораи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандон

Дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 сурат гирифт, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки буду боши бераводиди  шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз пешбинӣ мекунад, ба имзо расид.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти прокуратура

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни иди касбии кормандони мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ бо роҳбарият ва дигар масъулини ниҳоди мазкур мулоқоти самимӣ доир карданд.

Страницы