Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Опубликовано пн, 12/03/2018 - 09:35 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва барф дар назар дошта шудааст.
Имрӯз, 12 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.