МАҲФИЛИ МУРТАДОН*. Ё боз як изҳороти Ҷамъияти тоҷикон дар Туркия

Чуноне маълум аст, 15 июли соли 2018 созмони террористии наҳзат бо ҳаммаслаконаш кӯшиш намуд, ки рӯзи мавлуди Хумайнӣ — пешвои ҳамаи наҳзатиҳоро зери ниқоби «Таҷлили Ваҳдати миллӣ» ҷашн гиранд. Вале дар ин ҳамоиш касе аз зиёиёни тоҷик  ширкат накарданд, ҳатто дӯстони «ҷониашон», ки номашон дар рӯйхати сухангӯён навишта шуда буд, аз иштирок дар мавлуди Хумайнӣ даст кашиданд.

Билохира, дар он ҳамоиш ё бо ном анҷуман танҳо аъзои хонаводаи Кабирӣ ва ё ба истилои дигар баъзе «ашхоси аз таги дор гурехта» ширкат намуданд. Яъне нафароне, ки аз ҷониби волидайн ва миллати тоҷик муртад шудаанд.

Чунон ки зикр гардид, ашхоси соҳибақл дар мавлуди охундӣ ширкат надошт. Вале ба ном ҳомии ҳуқуқи башар Николай Николаев, ки дар худи Россия радди маърака аст, аз номи Федератсияи Россия суханронӣ кард.  Ҳамаи мардуми тоҷик хуб эҳсос мекунанд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар сатҳи олӣ қарор доранд. Чеҳраҳои манфуре, мисли Николай наметавонанд ба дӯстии ин ду кишвару ду халқ халал ворид созанд.

Хулоса ҳамин аст, ки ҲНИ бори дигар кӯшиши бесамар намуда, мағлуб гардид ва ё равшантар баён кунем, шарманда шуд. Кабирӣ ва ёронаш бояд бидонанд, ки саҳнаи сиёсӣ саҳнаи хонаводагӣ нест, мардумфиребӣ то ба кай? Дигар ҳеҷ ниқобе сурати манфури онҳоро пинҳон карда наметавонад. Мо тоҷикони Туркия чунин кӯшишҳои ғаразноку намоишкоронаи Кабирӣ ва ёронашро маҳкум намуда, бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат мекунем, ки дар гирди Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошанду баҳри ободии сарзамини зебоямон камари ҳиммат бубанданд.

Зинда бод, Тоҷикистони ободу зебо!

АМИТ «Ховар»