Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Опубликовано пн, 22/10/2018 - 19:06 пользователем tvt22 октябр дар рӯзи аввали сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар деҳоти Ғозиёни ноҳия дар масоҳати 6 гектар замин бунёд ёфта, бо хати муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.