Хабар

Дар Душанбе «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баррасӣ мешавад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ҷамъомад доир менамояд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, борон ва дар баландии 3000 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона +1+6, рӯзона  +10+15  ва дар шарқи ин вилоят шабона -2-7   ва рӯзона -0+5 дараҷа гарм  мешавад.

«Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ». Кумитаи рушди сайёҳӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ эълон менамояд

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаозмунҳои ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» ва «Таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ» эълон менамояд.

Страницы