Хабар

Тоҷикистон (U-19) ба сӯи бозиҳои ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё боз як қадами дигар гузошт

Дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии дуюми гурӯҳи «D»-и  Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия идома дорад, бо дастаи мунтахаби Малайзия қувва озмуда, онро бо натиҷаи 2:2 мусовӣ анҷом дод.  Футболбозони тоҷик баъди ин мусовӣ бо касби 4 имтиёз мавқеи худро дар зинаи дуввум нигоҳ медоранд. Шарҳи шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ.

Бонувони шаҳри Гулистон дар ҳафт маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ бо кор фаро гирифта шудаанд

Давоми нуҳ моҳи соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба маблағи 2 миллиарду 660 миллиону 560,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, инчунин дар ин давра истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 95 намуди аслӣ ба роҳ монда шудааст.  Ҳамзамон аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 18-тои он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба 546,0% (5,5 маротиба зиёд) расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намудаанд.

Страницы