Хабар

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳарорат ба 29 дараҷа мерасад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15  ва рӯзона -1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 23 октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон ду гармхонаи навро ифтитоҳ карданд.

Азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бӯстон баъди навсозии куллӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи расмии ин иншоот бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ оғоз ёфт.

Страницы