Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва  барф дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона  +4+9  ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18   ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона  5+10   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +10+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст.  Ҳарорат шабона ба 1+6  ва рӯзона  ба  9+14  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,   шабона +2+4  ва рӯзона +11+13  дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"